Ru  | Tj
Покистон марҳилаи дувуми ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистониро оғоз мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Покистон марҳилаи дувуми ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистониро оғоз мекунад
Акс etilaatroz.com

Покистон марҳилаи дувуми ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистониро оғоз мекунад

Нашр шуд

Расонаҳои Покистон гузориш додаанд, ки вазорати умури дохилаи ин кишвар ба ҳукумати иёлати Панҷоб дастур додааст, ки марҳилаи дувуми ихроҷи шаҳрвандони Афғонистонро аз 15-уми апрел оғоз кунад.

Ба навиштаи расонаи "News International"-и Покистон, дар ин марҳала дорандагони корти "шаҳрвандии Афғонистон" ихроҷ мешаванд.

Манбаъҳо гуфтаанд, ки ҳукумати федеролӣ ба ҳукумати иёлати Панҷоб феҳристи дорандагони кортҳоро пешниҳод медиҳад, ки бо пулис ва дигар мақомоти интизомӣ мубодила карда мешавад.

Ба гузориши расонаҳои Покистон, аз соҳибони кортҳои шаҳрвандӣ дархост шудааст, ки ихтиёран ба Афғонистон баргарданд, дар акси ҳол боздошт ва ихроҷ хоҳанд шуд.

Расонаи "News International" бо такя ба манобеъи худ навиштааст, ки пас аз анҷоми марҳилаи дувуми ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ, дар марҳилаи севум дорандагони кортҳои POR (Proof of Residence) ихроҷ хоҳанд шуд.

Дар авохири соли гузашта Покистон марҳилаи аввали ихроҷи муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷат аз Афғонистонро оғоз кард.

Гуфта мешавад, ки беш аз ним милён шаҳрванди Афғонистон аз Покистон ба кишварашон баргаштаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед