Ru  | Tj
Президент фармон дод, ки маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёд карда шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент фармон дод, ки маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёд карда шавад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Президент фармон дод, ки маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёд карда шавад

Нашр шуд

Фармони нав оид ба зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии коргарони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр таҳти рақами 251 аз ҷониби раисҷумҳури кишвар имзо гардид.

Ҳуҷҷати фармони нав оид ба баланд бардоштани музди меҳнат дар сомонаи кишвардори Тоҷикистон нашр шудааст.

Маоши кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, мувофиқ ба талаботи моддаҳои 147 ва 149-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешавад.

"Андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1-уми сентябри соли 2021 мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 зиёд карда шавад",-омадааст дар матни фармон.

Инчунин, дар фармон қайд гардидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

Гуфта мешавад, ки қарори мазкур ҷиҳати дастгирии давлатӣ ва густариши вазъи иҷтимоии кормандони муассисаи мазкур қабул шудааст.




Ҷаласаи СААД: Раҳмон аз ҳукумати муваққатии Толибон* интиқод кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед