Ru  | Tj
Путин Григоревро Сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон таъйин кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин Григоревро Сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон таъйин кард
Акс: Sputnik Тоҷикистон

Путин Григоревро Сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон таъйин кард

Нашр шуд

Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия бо судури фармоне Семëн Григоревро ба симмати Сафири кишвараш дар Душанбе мансуб кард.

Ба гузориши Sputnik, дипломати соҳибтаҷрибаи рус Семëн Григорев, ки қаблан дар Тоҷикистон кор кардаву забони форсиро низ хуб медонад, Сафири Русия дар Душанбе таъйин шудааст.

Григорев хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо чанд муддат дар Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамчунин, ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият доштааст.

Манбаъ меафзояд, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ ва англисиро балад аст ва аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон будааст.

Маврид ба зикр аст, ки тайи 9 соли охир Игор Лякин-Фролов рисолати сафири Русия дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва як моҳе пеш маъмурияти дипломатии вай дар Душанбе ба анҷом расид.

Коршиносон мегӯянд, Лякин-Фролов дар роҳандозии робитаҳои сиёсӣ миëни Душанбеву Маскав, ҳамчунин корҳои ёдбуд ва ҳарбию ватандӯстӣ саҳми арзанда гузоштааст.


Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири тозамансуби кишварҳои олам эътимоднома қабул кард


 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед