Ru  | Tj
Рӯзи 17-уми март дар Тоҷикистон интихоботи раисҷумҳури Русия баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 17-уми март дар Тоҷикистон интихоботи раисҷумҳури Русия баргузор мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Рӯзи 17-уми март дар Тоҷикистон интихоботи раисҷумҳури Русия баргузор мешавад

Нашр шуд

Дар интихоботи қарибулвуқуъи раисҷумҳури Русия шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон метавонанд дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд раъй диҳанд.
 
Марказҳои раъйгирӣ дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми марти соли 2024 аз соати 8:00 то 20:00 фаъол мешаванд.
 
Тибқи иттилоъи сафорати Русия дар Тоҷикистон, маркази якуми раъйгирӣ дар сохтмони раёсати консулии сафорат дар Душанбе воқеъ аст.
 
Ҳамзамон маркази дувуми раъйгирӣ дар сохтмони Консулгарии кулли Русия дар шаҳри Хуҷанд фаъол мешавад.
 
Афзун бар ин чаҳор қитъаи иловагии интихоботӣ барои низомиёни Русия ва аъзои хонаводаи онҳо боз мешавад.
 
Ҳамаи шаҳрвандони Русия, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд шахсан дар яке аз марказҳои раъйгирӣ ҳозир шуда, шиносномаи Русия (хориҷӣ, дипломатӣ, расмӣ, дохилӣ) пешниҳод диҳанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед