Ru  | Tj
Русия миллион доллар барои кӯмак ба мактаббачагони Тоҷикистон ҷудо мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия миллион доллар барои кӯмак ба мактаббачагони Тоҷикистон ҷудо мекунад
Акс: Сафорати Русия дар Тоҷикистон

Русия миллион доллар барои кӯмак ба мактаббачагони Тоҷикистон ҷудо мекунад

Нашр шуд

Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ бо дастгирии молиявии Русия ба расонидани маҷмӯаҳои хӯроквории аз орди витаминдоршуда ва равғани растанӣ барои мактаббачагон аз оилаҳои осебпазири вилояти Хатлон шурӯъ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сафорати Русия дар Тоҷикистон .

То охири моҳ ба оилаҳое, ки дар вилоятҳои Суғд ва Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳри Роғун ва инчунин дар водии Рашт зиндагӣ мекунанд, низ кӯмак расонида мешавад.

1200 тонна орди гандум ва 50 тонна равғани растанӣ, ки эҳтиёҷоти моҳонаи тақрибан 22000 оилаи ниёзмандро қонеъ карда метавонанд, ба шарофати 1 миллион доллари ҷудошудаи Русия харидорӣ карда шуд.

«Солҳои зиёд Русия дар ташкили системаи самарабахши ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Барои мо расонидани кӯмаки иловагии мақсаднок дар заминаи пандемияи коронавирус, ба мактаббачагон ва оилаҳои онҳо, ки ба он бештар ниёз доранд, муҳим мебошад.
Мо боварӣ дорем, ки ин на танҳо озуқаи онҳоро бойтар мекунад, балки ба муваффақият дар таҳсилашон мусоидат хоҳад кард», - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон Игорь Семёнович Лякин-Фролов.

«Мо аз Федератсияи Русия барои саҳмгузорӣ дар Барномаи Ҷаҳонии Озуқа миннатдорем. COVID-19 ба амнияти озуқавории хонаводаҳо, алахусус дар байни аҳолии осебпазир, таъсир расонд. Ин кӯмак махсусан дар замони ҳозира, вақте ки мавсими ҷамъоварии ҳосил хеле дур аст, нархи ғизо хеле баланд аст ва имкониятҳои ба даст овардан маҳдуданд, саривақтӣ мебошад», - гуфт Марико Кавабата, муовини директори кишвар ва намояндаи Барнома дар Тоҷикистон.

Барномаи хӯрокаи мактабҳо зиёда аз 600,000 хонандагони синфҳои 1-4 дар 2000 мактаби 52 деҳоти Тоҷикистонро фаро мегирад. Бо кӯмаки Русия онҳо бо хӯрокҳои солим ва болаззат мунтазам таъмин карда мешаванд.

Ин барнома инчунин ба навсозии техникии системаи ғизои мактаббачагони Тоҷикистон, аз ҷумла таҷдид ва сохтмони ошхонаҳо, нонвойхонаҳо ва гармхонаҳо, ки Русия аз соли 2012 ба ин сӯ беш аз 28 миллион доллар ҷудо кардааст, саҳм мегирад.

Русия боз як ваксинаи дигар бар зидди Covid-19 ихтироъ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед