Ru  | Tj
Русия шарики тиҷоратии рақами яки Тоҷикистон аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия шарики тиҷоратии рақами яки Тоҷикистон аст
Акс: аз манбаъҳои боз

Русия шарики тиҷоратии рақами яки Тоҷикистон аст

Нашр шуд

Тиҷорати хориҷии миёни Тоҷикистону Русия дар шаш моҳи соли ҷорӣ  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

"Мубодилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Русия аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 970 миллион доллар расида, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,1 фоизро ташкил дод”, - афзуд Завқизода.

Ба гуфтаи вай, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ба сатҳи нави стратегӣ расидаанд.

«Мо бо Русия дар ҳама самтҳо ҳамкории судманд дорем, аз ин шаҳодат медиҳад, ки Русия шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст», - илова намуд Завқизода.

Вазири рушди иқтисод тавзеҳ дод, ки ҷаласаҳои комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия ҳамасола баргузор мешаванд, ки дар он чанд масъалаҳои дорои хусусияти тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Завқизода, Тоҷикистон бо Русия ягон масъалаи ҳалношуда надорад ва ҳарду ҷониб нақшаҳои хеле ҷиддӣ ва амалӣ доранд, ки муомилоти тиҷоратӣ дуҷониба ва дигар нишондиҳандаҳои сармоягузориро ба сатҳи баландтар расонанд.

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта Русия дар садри шарикони тиҷоратии Тоҷикистон қарор дошта, тиҷорати хориҷии ду кишвар ба беш аз 1,7 млрд доллар расид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед