Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ ба ташкилу гузаронидани истироҳати тобистонаи хонандагони пойтахт дастур дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ ба ташкилу гузаронидани истироҳати тобистонаи хонандагони пойтахт дастур дод
Акс: Интернет

Рустами Эмомалӣ ба ташкилу гузаронидани истироҳати тобистонаи хонандагони пойтахт дастур дод

Нашр шуд

Хонандагони пойтахт имсол дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии "Зимчуруд", "Гулхан", "Шарора" ва "Орзу", инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ истироҳат хоҳанд кард.

Дар асоси иттилои котиботи шаҳрдорӣ, истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавсими таътили тобистонаи имсола дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронида мешавад.

Зимнан, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахтро имзо карда, ба масъулин баҳри ташкили истироҳати бофароғати хонандагони дастур додаст.

Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, хонандагони пойтахт имсол дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии "Зимчуруд", "Гулхан", "Шарора" ва "Орзу", инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ истироҳат хоҳанд кард.

Раиси шаҳр ба муовинаш ва муассисаҳои марбута супориш додааст, ки дар истироҳатгоҳҳои зикршуда корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули кӯдакону наврасон омода созанд.

"Раёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки истироҳатгоҳҳоро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад", - шарҳ додааст манбаъ.

Инчунин бо ин қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳоро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон мусоидат намоянд.



Ҳукумати Ҷопон ба маркази пиронсолон ва маъюбони Истаравшан кӯмак кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед