Ru  | Tj
СААД хурӯҷи нерӯҳои Амрикоро аз Афғонистон хатарнок хонд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СААД хурӯҷи нерӯҳои Амрикоро аз Афғонистон хатарнок хонд
Акс: СААД

СААД хурӯҷи нерӯҳои Амрикоро аз Афғонистон хатарнок хонд

Нашр шуд

Кишвари Амрико мехоҳад, нерӯҳояшро аз хоки Афғонистон пурра берун кунад.

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) аз хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон нигарон аст. Тавре дабири кулли СААД дирӯз дар Душанбе, ки дар он ҷо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони СААД ширкат дошт, зикр кард, вазъи кунунӣ ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар Афғонистон таъсир хоҳад гузошт.

«Оғози хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва қитъаҳои низомии НАТО аз онҷо, мутаассифона, ба ҳаллу фасли сулҳомези низои дохилиафғонӣ умедвор намекунад», — гуфт Зас пас аз мулоқот.

Бояд гуфт, ки 1-уми май Амрико хуруҷи фаъоли неруҳояшро аз Афғонистон оғоз кард. Аз ибтидо, ин раванд бояд то 11 –уми сентябр ба анҷом мерасид, аммо бо сабабҳои гуногуни сиёсӣ хуруҷи нерӯҳо то моҳи июл тамдид гардид.


Лавров дар Душанбе: барқарории равобити ҳавоӣ ва дигар ҳамкориҳои низомии Русия бо Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед