Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон осон мешавад
Нашр шуд
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки барои ширкат дар нишасти мақомоти баландпояи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Машҳад қарор дорад, аз тасҳили сафари гардишгарони тоҷик ба Эрон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи зиёрати оромгоҳи Фирдавсӣ гуфт: “Мо як таърих, фарҳанг ва тамаддун дорем, таърих, адабиёт ва фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон муштараканд”.
Сироҷиддини Муҳриддин дар идома гуфт, ки Фирдавсии бузург шахсияти ҷаҳонист ва нишонгари фарҳангу таърихи мост.
Вай бо ишора ба таваҷҷуҳ ва муҳаббати мардуми тоҷик ба Фирдавсӣ ва забони форсӣ гуфт, ки ҳар як тоҷик бо қаҳрамонони Шоҳнома ва Фирдавсӣ ошно аст ва панду насиҳатҳоеро, ки дар Шоҳнома омадааст, медонад ва Шоҳномаро дар мактабу донишгоҳҳо тадрис мекунанд. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин замина афзуд:
“Бовар дорам, ки равобити таърихӣ, адабӣ ва фарҳангии мо ҳеҷ гоҳ аз байн нахоҳад рафт ва мо аз он ифтихор дорем, ки бо Эрон равобити дӯстона ва наздик дорем ва умед дорем дар оянда муносибатҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ тавсеа меёбанд”.
Вай ҳамчунин гуфт, ки ду кишвар дар масоили фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равобити хуб дошта, соли гузашта рӯзҳои фарҳангии муштарак баргузор шу ва дар оянда намоишгоҳҳои муштараки саноативу иқтисодӣ баргузор мешаванд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки дар нишасти ЭКО дар бораи тавсеаи равобити фарҳангӣ ва гардишгарӣ бо вазири хориҷаи Эрон ба манзури фароҳам кардани шароит барои осон кардани ҳузури мардуми Тоҷикистон гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар шаҳри Шероз ёддошти муштараки ҳамкорӣ дар заминаи табодули гардишгарӣ миёни Шероз ва Душанбе, бо ҳузури мудири кулли мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои Форс, масъулони шаҳрдории Шероз, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва бахши хусусии фаъол дар бахши гардишгарии ду кишвар ба имзо расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед