Ru  | Tj
Сафири нави Саудӣ ба Нозирӣ нусхаи эътимоднома супурд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири нави Саудӣ ба Нозирӣ нусхаи эътимоднома супурд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафири нави Саудӣ ба Нозирӣ нусхаи эътимоднома супурд

Нашр шуд

Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон, Сафири навтаъйини Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Душанбе омад ва нусхаи эътимодномаи худро таслими Хусрав Нозирӣ кард.

Ба гузориши Halva.tj ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷӣ, дирӯз дар Душанбе Хусрав Нозирӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сафири тозатаъйини Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ҷиҳати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот масоили тавсеаи равобити дуҷониба дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гардида, дар мавриди ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифтааст.  

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои сол дар равобити Русия ва Тоҷикистон сухан гуфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед