Ru  | Tj
Сайти расмии раёсатии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба кор даромад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сайти расмии раёсатии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба кор даромад
Акс: np-vesti.ru

Сайти расмии раёсатии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба кор даромад

Нашр шуд

Тоҷикистон имсол ҳамчун раиси СҲШ ҷаласаи тантанавии 20 солагии таъсиёбӣ ва сарони давлатҳоро моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Ба ҳамин муносибат сомонаи расмии раёсатии Тоҷикистон дар СҲШ фаъол гардид, ки дар онҷо ҳамаи маълумотҳо оиди нақшаҳои чорабинӣ, таърихи таъсисёбии Созмон, масъалаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар давраи раиси ҷой шудааст.

Тоҷикистон барои қабули ин чорабинии сиёсӣ тайёрии ҷидди дида истодааст ва дар ин маврид сохтмони қасрҳо барои сарони давлатҳои СҲШ, бунёди рамзи 20-солагии СҲШ ва сомонаи расмии тантанавӣ дар давраи раёсат ба сомон расонида шудааст.

Ба ғайр аз раёсати дар СҲШ Тоҷикистон боз дар СААД,  Ассамблеяи Байнипарлумонӣ низ роҳбар мебошад.
Аъзоёни СҲШ Хитой, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, ТоҷикистонУзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон мебошанд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои мақоми намояндаро доранд.

Ҷаласаи Шурои намояндагони ИДМ баргузор шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед