Ru  | Tj
Се медали паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ИДМ дар байни афсарону сарбозон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Се медали паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ИДМ дар байни афсарону сарбозон
Акс: аз манбаъҳои боз

Се медали паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ИДМ дар байни афсарону сарбозон

Нашр шуд

Сарбозони бошгоҳи варзишии Вазорати дифои Тоҷикистон дар ин мусобиқа 1 нишони тило, 1 нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон қаҳрамонии самбои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - Ҷоми ИДМ байни низомиёни ин кишварҳо идома дорад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро се афсару сарбози Бошгоҳи варзишии Вазорати дифоии Тоҷикистон Хушкадам Хусравов, Сомонӣ Хушдилов ва Қоим Шукронов таҳти роҳбарии сарҳанг Фарҳод Раҳматуллоев намояндагӣ карданд.

Тибқи иттилои ҳаводорони ин намуди варзиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар се варзишгар бо касби имтиёз ва натиҷаҳои бадастоварда ба мақомҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.

Ҳамин тавр, Сомонӣ Хушдилов (64 кило) ҷойи якум, Хушқадам Хусравов (71кг) мақоми сеюм ва Қоим Шукронов (79кг) барандаи ҷои дуюм шуданд.




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед