Ru  | Tj
“Шапарак”. Тоҷикистон дар Риштони Ӯзбекистон кӯдакистон сохт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Шапарак”. Тоҷикистон дар Риштони Ӯзбекистон кӯдакистон сохт
Акс: Sputnik

“Шапарак”. Тоҷикистон дар Риштони Ӯзбекистон кӯдакистон сохт

Нашр шуд

Дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон як кӯдакистоне, ки аз ҷониби Тоҷикистон сохта шуда буд, ба баҳрабардорӣ расид.

Маркази матбуоти Вазорати маориф иттилоъ дод, ки ин кӯдакистон бо номи “Шапарак” бо ҳазинаи 13 миллиону 350 ҳазор сомонӣ ва бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфта, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Манбаъ афзуд, дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигар намояндагони кишвар иштирок намудаанд.

Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон зикр шудааст, ки ин муассиса туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Риштони вилояти Фарғона мебошад.

Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар ин кишвар ҳамкориҳои фарогиру густурдае роҳандозӣ кардаву сарони ду давлат борҳо ба мамлакатҳои ҳамдигар сафарҳои расмиву корӣ анҷом додаанд ва миёни Душанбеву Тошканд давоми чанд соли ахир даҳҳо тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон шуруъ мешаванд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед