Ru  | Tj
Шатранҷбози шинохтаи Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шатранҷбози шинохтаи Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Шатранҷбози шинохтаи Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ шуд

Нашр шуд

Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар ҷашнвораи байналмилалии шоҳмот дар шаҳри Абузабӣ дар мусобиқаи шоҳмоти зуд ё худ блитс пирӯз шуд.

Мусобиқаи блитс дар Абузабӣ 333 нафар ширкаткунандагонро гирди ҳам овард, ки дар миёни онҳо ҳам устодони маъруф ва ҳам истеъдодҳои ҷавон ширкат доштанд.  Маблағи ҷоизаи ин мусобиқот 4000 долларро ташкил дод, ки ба он қавитарин шатранҷбозони кишварҳои мухталиф ҷалб шуданд. Бо вуҷуди ин, маҳз Фаррух Амонатов натиҷаи беҳтарин нишон дод. 

Вай дар 11 давр 9,5 хол гирифта, бо шоҳмотбози итолиёӣ Лорентсо Лодичӣ ҷои якумро тақсим кард.  Аммо аз рӯи нишондодҳои иловагӣ маҳз Амонатов пеш буд, ки ғалабаи ӯро таъмин намуд.

Қаблан эълон шуда буд, ки гроссмейстер Фаррух Амонатов ба фаъолияти шатранҷбозии худ хотима дода, ба кори мураббигӣ гузаштаст. Дар миёни шоҳмотбозони фаъол номи Фаррух Амонатов солҳои ахир дар радабандии Федератсияи байналмилалии шоҳмот зикр нашудааст.

Амонатов дар байни шатранҷбозони Тоҷикистон ягона устоди дараҷаи байналмилалӣ ё худ  гроссмейстер мебошад. Вай ин унвонро соли 2002  дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соҳиб шуд.

Гуфта мешавад, ки Фаррух Амонатов феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Муваффақиятҳои ӯ дар майдони шоҳмот пирӯзӣ дар чемпионатҳои Маскав, мусобиқаи минтақавии Осиё дар соли 2009, ширкат дар чемпионати ҷаҳон ва бисёр дигар мусобиқаҳои бонуфуз мебошанд. 

Дар солҳои 2000 -ум Фаррух Амонатов дар авҷи муваффақият қарор дошта, дар радабандӣ имтиёзҳояш ба 2650 расид, ки ӯро дар қатори беҳтарин шатранҷбозони ҷаҳон қарор дод.

Бояд гуфт, ки гроссмейстер унвони баландтаринест, ки шоҳмотбоз дар фаъолияташ ба даст оварда метавонад. Танҳо унвони қаҳрамони ҷаҳон аз ин рутба болотар аст. Унвони гроссмейстер барои якумрӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии шоҳмот ё худ ФИДЕ дода мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед