Ru  | Tj
Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд
Акс: аз манбаъҳои боз

Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд

Нашр шуд

Раисҷумҳури Узбекистон рӯзҳои 18-19 апрел бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Музокироти Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти расмӣ ва баргузории як қатор маъракаҳои муштарак дар назар аст.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон имрӯз бо сафари давлатии дурӯза ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раҳбари Узбекистон.

Ба навиштаи ин манбаъ, Мирзиёев дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда, дар маъракаҳои муштарак ширкат хоҳад кард.

«Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии роҳбурдӣ ва иттифоқӣ миёни Узбекистону Тоҷикистон баррасӣ мешавад», - омадааст дар хабар.

Дар идома зикр мешавад, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ таваҷҷуҳи вижа ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, таробарӣ (нақлиёт) ва дигар бахшҳо дар назар аст. Масъалаҳои густариши робитаҳои байниминтақаӣ, табодули фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон низ баррасӣ хоҳанд шуд.

«Дар анҷоми мулоқот қабули бастаи нави  санадҳои дуҷониба барномарезӣ шудааст», - гуфта мешавад дар хабар.

Бояд гуфт, ки ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бо ҳузури раҳбарони ду кишвар сохтмони нави сафорати Узбекистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ мешавад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Узбекистон ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил аст.

Ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар 7 соли охир аз 197 милён доллар то 757 милён долар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон ду кишвар ният доранд, ки то охири соли равон ҳаҷми муомилоти тиҷоратиро  ба 1 милярд долар расонанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед