Ru  | Tj
Ҳамоишҳои ҷавонон дар Вазорати адлия ба кор оғоз намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамоишҳои ҷавонон дар Вазорати адлия ба кор оғоз намуд
Акс: adliya.tj

Ҳамоишҳои ҷавонон дар Вазорати адлия ба кор оғоз намуд

Нашр шуд

4-уми май дар Вазорати адлияи ҶТ силсилаҳамоишҳои ҷавонон, ки дар назар аст то моҳи декабри соли равон давом кунад, оғоз гардид. Дар ин ҳамоиш ҷавонони касбу кори гуногуни вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷалб карда мешаванд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани дастовардҳои 30 соли даврони истиқлоли мамлакат, пешрафт ва дурнамои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва таҳкими нақши ҷавонон дар рушди босуботи мамлакат ташкил карда шудааст.

Ёдовар мешавем, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки силсилаҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногуни кишварро таҳти  унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор намояд.


Форуми ҷавонони бахши молия номзади худро интихоб намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед