Ru  | Tj
Соҳибкорони Красонярск ба Суғд меоянд ва аз корхонаҳои саноатии вилоят дидан мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соҳибкорони Красонярск ба Суғд меоянд ва аз корхонаҳои саноатии вилоят дидан мекунанд
Акс: Sputnik

Соҳибкорони Красонярск ба Суғд меоянд ва аз корхонаҳои саноатии вилоят дидан мекунанд

Нашр шуд

Як гурӯҳ соҳибкорон аз вилояти Красноярски Русия имрӯз бо як сафари чоррӯза вориди Тоҷикистон мешаванд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ки ҳадаф аз ин сафар густариши ҳамкорӣ миёни соҳибокрони тоҷику рус ва дарёфти роҳҳои нави густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар соҳибкорони Красноярск аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карда, ба фаъолият ва тавлидоти онҳо шинос мешаванд.

Гуфта мешавад, ташкили чунин сафарҳо ва мулоқотҳои рӯбарӯи ҳайатҳо ба таҳкиму тақвияти равобити тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми воридоту содирот мусоидат менамояд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябри имсол дар шаҳри Гулистон бо ширкати президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор шуда буд.

Бар пояи иттилооти расмӣ, айни замон вилояти Суғди Тоҷикистон бо ҳашт минтақаи Русия — Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Доғистон ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ имзо кардааст.

Шералӣ Кабир сармоягузорони маҷориро ба таъсиси корхонаҳои муштарак даъват кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед