Ru  | Tj
Соҳибкорони тоҷику узбек дар Хуҷанд 12 санади ҳамкорӣ имзо намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соҳибкорони тоҷику узбек дар Хуҷанд 12 санади ҳамкорӣ имзо намуданд
Акс: Интернет

Соҳибкорони тоҷику узбек дар Хуҷанд 12 санади ҳамкорӣ имзо намуданд

Нашр шуд

Аз натоиҷи Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Узбекистон дувоздаҳ асноди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд, рӯзи 8-уми сентябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона доир гардид.

Гуфта мешавад, дар кори ин форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва соҳибкорону тоҷирони тоҷику узбек иштирок намудаанд.

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш дар Кохи фарҳанги ба номи Рӯдакӣ намоиши молу маҳсулоти вилояти Фарғона баргузор гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳайати Узбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ҷиҳати иштирок дар барномаҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба вилояти Суғд омада буд.
Дар доираи сафари ҳайати Узбекистон ҳамчунин шоми 8-уми сентябр дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Семенчӣ»-и Фарғона доир гардида, бо ҳисоби 1:1 ба охир расид.

Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Фарғона солҳои ахир ба таври назаррас рушд мекунанд. Дар соли ҷорӣ аллакай бори дувум аст, ки форуми соҳибкорони ду вилоят баргузор мешавад. Дар моҳи июн низ чунин як ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Суғду Фарғона дар Хуҷанд доир гардида, аз натоиҷи он миëни ширкатҳои ду кишвар15 санади ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд мегӯяд, соҳибкорони ду кишвар бештар ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти коркарди пурраи нахи пахта таваҷҷуҳ доранд.

Дар Душанбе "Литсейи Умари Хайëм" ба баҳрабардорӣ расид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед