Ru  | Tj
Соли 2021 дар Душанбе 182 иншооту бино ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ба истифода дода шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли 2021 дар Душанбе 182 иншооту бино ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ба истифода дода шудааст
Акс: Sputnik

Соли 2021 дар Душанбе 182 иншооту бино ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ба истифода дода шудааст

Нашр шуд

Рӯзи чоршанбеи 12-уми январ таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ  ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт баргузор гардидааст.

Тавре Ҳукумати шаҳри Душанбе хабар медиҳад, раиси шаҳр дар рафти ҷаласа қайд намудааст, ки соли 2021 дар пойтахти мамлакат дар маҷмӯъ 182 иншооту биноҳои ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд.

Ба таъкиди манбаъ, маблағи умумии иншооту биноҳои ифтитоҳшуда 7 миллиард сомонӣ аст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар доираи ҷаласа шаҳрдор ба шахсони масъул дастур додааст, ки ҳангоми сохтани иншоотҳо риоя намудани шартҳои техникиро сарфи назар накунанд. Ӯ ишора ба он намудааст, ки ноқилҳо аз нуқтаҳои наздик пайваст гарданд, қарзҳо бартараф карда шаванд, системаи хидматрасонии электронӣ роҳандозӣ гардад, инчунин дар давраи зимистонаи солҳои 2022-2023 дусаду бист бинову иншооти ҷадид ба шабакаи гармидиҳӣ васл карда шаванд.

Зимнан, Рустами Эмомалӣ талаби онро доштааст, ки инрасохторҳои пойтахт ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқат кунанд ва таъкид доштааст, ки кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо дуруст ба роҳ монда шавад.

"Дар аксари ҳолат биноҳо бидуни ба инобат гирифтани шароит барои масъулон, роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон ва тавақуффгоҳҳо сохта мешаванд", - арз дошааст Рустами Эмомалӣ.

Хотиррасон менамоем, ки Рустами Эмомалӣ ҳанӯз  21-уми апрели соли 2018 ҳангоми мулоқот худ бо гурӯҳе аз намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хонандагону донишҷӯёни болаёқат гуфта буд, ки Душанбе бояд ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи дунё мубаддал гардад.


Соли гузашта дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 445 иншооти нав бунёд шудааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед