Ru  | Tj
Суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби вуруди сармоягузорӣ меафзояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби вуруди сармоягузорӣ меафзояд
Акс: аз манбаъҳои боз

Суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби вуруди сармоягузорӣ меафзояд

Нашр шуд

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бо зиёд шудани сармоягузорӣ ба бахши энержӣ суръати тоза касб мекунад.

Рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба далели вуруди сармоя ва эҳёи бахши энержӣ дар соли 2024 ба андозаи на камтар аз 8 дарсад зиёд мешавад.

Дар ин бора дар шарҳи макроиқтисодӣ, ки аз ҷониби таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд таҳия шудааст, зикр мешавад.

Ба гуфтаи коршиносони ин созмони молӣ, дар нимаи дуюми соли 2024 бо пур шудани обанборҳо пас аз масрафи мавсимӣ дар суръатбахшии рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад дошт. Дар натиҷа, афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2024 дар ҳадди 8 дарсад дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои семоҳаи аввал 8,2 дарсад афзуд.

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд ин равандро ба афзоиши тамоюли масрафи хонаводаҳо, афзоиши сармоягузорӣ ва зиёд шудани даромадҳои содиротӣ марбут медонанд.

Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар як сол 15,7% афзоиш ёфтааст, ки асосан аз ҳисоби зиёд шудани хароҷот барои сохтмони иншооти энергетикӣ таъмин шуд.

Дар баробари ин гуфта мешавад, дар давоми ним соли охир дар Тоҷикистон муомилоти фуруши чакана низ 14,3 дарсад ва содироти маҳсулот ба хориҷа 47,1 дарсад афзудааст.

Тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 8,2 дарсад таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ин кишвар ба 61,7 млрд сомонӣ баробар шуд.

Гуфта мешавад, ки рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми тавлиди маҳсулоти саноатӣ 11,5 %, кишоварзӣ 9,6 %, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7 %, гардиши савдо 11,9 %, хизматрасонии пулакӣ 16,6 %, боркашонӣ 13,8%, мусофиркашонӣ 9 % ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3 %, аз ҷумла содирот 47,1 % таъмин гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед