Ru  | Tj
Тақдим дастпӯшҳо аз сӯи Кремлёв. Рушди бештари бокс дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тақдим дастпӯшҳо аз сӯи Кремлёв. Рушди бештари бокс дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд
Акс: Sputnik

Тақдим дастпӯшҳо аз сӯи Кремлёв. Рушди бештари бокс дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Умар Кремлёв пас аз мулоқоту тамрин бо муштзанҳову мураббиёни тоҷик ба онҳо миқдори зиёди кулоҳу дастпӯшҳои варзиши бокс тақдим намуд.

Ба иттилои сомонаи расмии Фередатсияи байналмилалии бокс, раиси ин федератсия Умар Кремлёв рӯзи 7-уми октябр бо як сафари корӣ ва бо мақсади ташвиқу тарвиҷи бокс вориди Тоҷикистон шуд.

Дар чорчӯби ин сафар Кремлёв бо Раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон Бег Сабур ва муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров мулоқот кард ва таъкид дошт, ки AIBA мехоҳад боксро ба яке аз машҳуртарин намудҳои варзиш дар Тоҷикистон табдил диҳад.

Дар мулоқотҳои Кремлёв бо масъулони тоҷик масоили марбут ба дурнамои бокс ва рушду густариши ин навъи варзиш дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз натоиҷи онҳо чанд қарор қабул ва чандин тасмимоти лозим гирифта шуд.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла ба муовиқа расиданд, ки рӯзҳои наздик барои варзишгарону мураббиёни тоҷик семинар ва давраҳои бозомӯзӣ ташкил мешаванд ва ин иқдом мусоидат мекунад, то варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ба таври беҳтар ширкат намоянд.

Ҳамчунин давраҳои бозомӯзии махсус ба доварони тоҷик барои роҳ ёфтан ба кумитаҳои Федератсияи байналмилалии бокс ва мусобиқоти ҷаҳониву байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Дилшод Назаров дар мулоқот бо Кремлёв гуфт, ки Тоҷикистон барои рушди бокс ва тарбияи насли нави муштзанҳо омода аст ва дастгириҳои AIBA метавонад ба рушди ин навъи варзиш такони ҷиддӣ бахшад.

«AIBA мехоҳад, ки бокс аз машҳуртарин анвои варзиш дар Тоҷикистон бошад, зеро кишвари шумо дорои варзишгарони бомаҳорат ва муштзанҳои бузурги ҷаҳонӣ аст», - таъкид дошт Умар Кремлёв.

Ин дар ҳолест, ки бокс дар баробари куштӣ аз риштаҳои дӯстдоштаи варзиш миёни ҷавонони Тоҷикистон ба шумор меравад ва варзишгарони тоҷик дар ин намуди варзиш ба дастовардҳои зиёд ҳам ноил гардидаанд.

Аз ҷумла, Мавзуна Чориева соли 2012 дар Бозиҳои олимпӣ дар Лондон дар соли 2012 барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Муштзани дигари тоҷик Анвар Юнусов дорандаи медали биринҷии бокс дар қаҳрамонии ҷаҳон аст.

Сборная Таджикистана по боксу примет участие в чемпионате Азии


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед