Ru  | Tj
Тафоҳумномаи табодули ҷинояткорон байни Тоҷикистон ва Маҷористон тасдиқ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тафоҳумномаи табодули ҷинояткорон байни Тоҷикистон ва Маҷористон тасдиқ шуд
Акс: Интернет

Тафоҳумномаи табодули ҷинояткорон байни Тоҷикистон ва Маҷористон тасдиқ шуд

Нашр шуд

Бахши матбуоти Порлумони Тоҷикистон бо нашри як эъломия аз тасдиқ шудани созишномаи истирдоди шаҳрвандон байни Тоҷикистон ва Маҷористон хабар медиҳад.

Бо имзои ин тафоҳумнома шаҳрвандони Тоҷикистон ва Маҷористон, ки мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд ва ё ҳам гумонбар шинохта шуда дар зиндон ба сар мебаранд, табодула ва истирдод шуда метавонанд.

Ин санади ҳуқуқиро дар аввалҳои соли равон Прокурори генералии  Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Вазири  корҳои хориҷаи Маҷористон Петер Сийярто дар шаҳри Душанбе имзо карда буданд.

Қобили ёдоварист, ки Тоҷикистон бо кишварҳои Украин, ҶИЭ, Афғонистон, Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ чунин созишномаро ба имзо расонидааст.


Тоҷикистон: “Барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба қонунҳои ҷиддии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ниёз аст”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед