Ru  | Tj
Таъкиди Тоҷикистону Эрон бар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таъкиди Тоҷикистону Эрон бар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъкиди Тоҷикистону Эрон бар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ширкат дар ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии СҲИ ба Туркманистон сафар кардааст, рӯзи якшанбе бо Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури ҶИЭ мулоқот кард.

Раҳбарони ду кишвар дар ин дидор перомуни Афғонистон низ сӯҳбат карда ва хоҳони ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон шудаанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон гуфтааст, ки аз таъсиси ҳукумати воқеан фарогир дар Афғонистон, ки аз тамоми мардуми Афғонистон, гурӯҳҳои этникӣ ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон намояндагӣ мекунад, истиқбол мекунад.

Ҳамчунин, раисҷумҳури Эрон дар ишора ба мавзеъгирии Эрон дар масъалаи Афғонистон гуфта, мавзеъгирии кишвараш ва Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон рӯшан ва як аст.

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, таъкид карда, ки бояд дар ҳукумати Афғонистон тамоми қавмҳо ҳузур дошта бошанд ва ҳукумат намояндагии тамоми қавмҳоро дар бар гирад.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон таъсис ёфта, соли 1992 ҳафт кишвари дигар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба он пайвастанд.

Дар Маскав аз "Толибон" хостанд, ки барои ташкили ҳукумати фарогир чора андешанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед