Ru  | Tj
Ташдиди чораҳои пешгирикунанда вобаста ба обилаи маймун дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ташдиди чораҳои пешгирикунанда вобаста  ба обилаи маймун дар Тоҷикистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Ташдиди чораҳои пешгирикунанда вобаста ба обилаи маймун дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Тоҷикистон нақша дорад, ки барои ҷилавгирӣ аз бемории сироятии обилаи маймун ҳангоми вуруд ба ин кишвар чораҳои назоратиро тақвият бахшад.

Ин иқдомот вобаста ба вазъи хуруҷи беморӣ қабул хоҳанд шуд, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати беҳдоштӣ- вогирии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Барои ҷилавгирӣ аз вуруди сирояти вируси mpox (обилаи маймун) назорат асосан дар гузаргоҳҳо пурзӯр мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров ба ТАСС гуфт, чораҳо вобаста ба вазъи эпидемия марҳила ба марҳила сурат мегиранд.

"Ҳоло назорат дар нуқтаҳои вуруди шаҳрвандон ба Тоҷикистон пурзӯр карда мешаванд», - гуфт ӯ,

Ҷаъфаров тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир маводи ташхиси зуди ин вирус ҳангоми вуруд ба кишвар вуҷуд надорад, аммо дар ҳолати зарурӣ онҳо ба лабаратория фиристода мешаванд.

Таъкид мешавад, ки то ба ҳол ҳеҷ гоҳ сироятёбӣ ба вируси mpox дар Тоҷикистон сабт нашудааст.

Бояд гуфт, ки обилаи маймун як бемории вирусист, ки аломатҳои он табларза, заҳролудшавӣ, варами гиреҳҳои лимфавӣ, доғҳо ва баъдан пайдоиши захмҳоро ҳангоми кушодани обила ба вуҷуд меорад. Ин бемории сироятӣ аз ду то чор ҳафта давом мекунад, аммо ҳолатҳои вазнини беморӣ бо марг меанҷоманд.

Қаблан раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, Тедрос Адханом Гебрейюс, хуруҷи бемории обилаи маймун дар Африқоро як ҳолати фавқулоддаи эпидемиологии мавриди таваҷҷуҳи байналмилалӣ эълон кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед