Ru  | Tj
Тавлиди саноатии Тоҷикистон беш аз 11 дарсад рушд кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тавлиди саноатии Тоҷикистон беш аз 11 дарсад рушд кардааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Тавлиди саноатии Тоҷикистон беш аз 11 дарсад рушд кардааст

Нашр шуд

Корхона ва коргоҳҳои саноатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 22 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
 
Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2024 тавлидоти саноатиро 11,5% афзоиш додааст.

Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, имрӯз дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.

Шералӣ Кабир афзуд, ки дар маҷмуъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин муддат ба 22,6 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллиард сомонӣ зиёд аст.

 Ба гуфтаи вай, 57,1% ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби саноати коркард, 21,6% ба саноати кӯҳӣ ва 20,8% ба интиқоли нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво рост меояд.

Дар баробари ин, дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли 2024 дар Тоҷикистон 251 корхонаи нав бо 1714 ҷойи корӣ таъсис шуд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон 92 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Дар умум дар Тоҷикистон 3580 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед