Ru  | Tj
Таъйини беш аз 10 млн сомонӣ ҷарима барои нақзи қонунҳои танзим ва масъулият дар таълими кӯдак

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таъйини беш аз 10 млн сомонӣ ҷарима барои нақзи қонунҳои танзим ва масъулият дар таълими кӯдак
Акс: "Ховар"

Таъйини беш аз 10 млн сомонӣ ҷарима барои нақзи қонунҳои танзим ва масъулият дар таълими кӯдак

Нашр шуд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон наздики 26 ҳазор нафар барои нақзи қонунҳои танзими ҷашну маросим ва масъулият дар таълими кӯдак муҷозот шуданд.

Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Шоҳиён, вобаста ба риоя накардани қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 885 шахс баррасӣ шуда, аз онҳо 877 шахс ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.

Ҳамзамон раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки шумораи парвандаҳо вобаста ба риоя нагардидани қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба таври назаррас зиёд шудааст.

Дар ин замина зикр шуд, ки дар ин муддат шумораи умумии баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳо барои риоя накардани қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 27 ҳазору 248 ададро ташкил дод.

Дар маҷмуъ дар асоси ин парвандаҳо ба 3 ҳазору 681 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 21 ҳазору 340 нафар ба маблағи умумии 4 миллиону 653 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.

Дар ин замина таъкид шуд, ки шумораи умумии баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайроникуии маъмурӣ барои қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» нисбат ба соли гузашта 17 ҳазору 487 адад зиёд шудааст.

Тибқи омори расмӣ, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби додгоҳҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва додгоҳҳои низомии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 94303 парванда ва дархосту пешниҳодот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед