Ru  | Tj
Тоҷикистон аз назари таваллуд миёни кишварҳои ИДМ пешсаф аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз назари таваллуд миёни кишварҳои ИДМ пешсаф аст
Акс: Nuz.uz

Тоҷикистон аз назари таваллуд миёни кишварҳои ИДМ пешсаф аст

Нашр шуд

Тоҷикистон аз рӯйи афзоиши аҳолӣ дар байни кишварҳои узви ИДМ ҷойи аввалро гирифт. Дар давоми 30 соли охир аҳолии ин кишвар тақрибан ду баробар афзуд. Дар ин бора шабакаи телевизиёнии “МИР 24” хабар дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, дар тӯли панҷ сол мизони таваллуд дар зоишгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон 80% афзоиш ёфта, вазъият дар тамоми Тоҷикистон тақрибан ҳамсон аст. Афзоиши миёнаи аҳолии Тоҷикистон соле 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

“Қаблан мо дар як сол то панҷ ҳазор таваллудро қабул мекардем, вале ҳоло дар як сол 11 ҳазору 883 нафар ба сад расидаанд”, - гуфтааст Шаҳодат Муминова, муовини раҳбари Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон.

Тибқи омори расмӣ дар айни ҳол дар Тоҷикистон беш 10 милён нафар зиндагӣ мекунанд. Бештар аз нисфи аҳолии ин кишвар мард ҳастанд. Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 100 нафар духтар 110 нафар писар рост меояд.

Аз назари суръати рушди аҳолӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои мустақил пешсаф буда, 71 дарсади аҳолии ин кишварро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд.

Аз сӯйи дигар таъкид мешавад, ки тӯли умри мардум низ дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Дар солҳои охир дар Тоқикистон ба ҳисоби миёни тӯли умри мардон – 75 сол ва занон – 78 аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед