Ru  | Tj
Тоҷикистон баъди 12 сол дар риштаи бокс соҳиби медали олимпӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон баъди 12 сол дар риштаи бокс соҳиби медали олимпӣ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон баъди 12 сол дар риштаи бокс соҳиби медали олимпӣ шуд

Нашр шуд

Тоҷикистон бо касби се медали биринҷӣ дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар баробари Ҳиндустон дар мақоми 57-ум қарор дорад.

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Порис дар вазни то 92 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Давлат Болтаев рӯзи 4-уми август дар даври ниманиҳоӣ аз муштзани Узбекистон Лазизбек Муллоҷонов бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ Болтаев соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпии Порис шуд.

Бояд гуфт, ки Давлат Болтаев дар аввалин рақобаташ бар Георгий Кушиташвилии аз Гурҷистон пирӯз шуда, дар даври чорякниҳоӣ муштзан Ҷек Марлӣ аз Ирландияро шикаст дода, ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Гуфтанист Давлат Болтаеви 25- сола, ки бори аввал соҳиби медали олимпӣ шуд, дар соли 2022 қаҳрамони бокси Осиё дар байни ҷавонони то 22-сола шуда буд. Давлат Болтаев моҳи майи соли 2023 дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон то даври чорякниҳоӣ расида, моҳи октябри ҳамон сол дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 92 кило ғолиб гардид. Баъди ин пирӯзӣ Давлат, ба Олимпиадаи Порис роҳхат гирифт.

Қобили зикр аст, ки Давлат Болтаев баъди 12 сол барои Тоҷикистон дар риштаи бокс медали биринҷӣ гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар вазни то 60 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

Ба ин тартиб, варзишгарони Тоҷикистон то кунун дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар риштаи ҷудо ва Давлат Болтаев дар риштаи бокс аз Порис бо медалҳои биринҷӣ ба ватан бармегарданд.
 
Дар ҳоли ҳозир ду намояндаи охирини Тоҷикистон қарор аст, ки рӯзҳои оянда дар Бозиҳои олимпии Порис вориди рақобат шаванд. Виктор Рассадин дар риштаи куштии озод дар вазни то 74 кило  рӯзи 9  август вориди рақобат мешавад.

Инчунин Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо рӯзи 10  август аввалин сабқати худро дар вазни беш аз 67 кило миёни занон анҷом медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо касби се медали биринҷӣ дар баробари тими Ҳиндустон дар ҷойи 57-ум қарор гирифтааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед