Ru  | Tj
Толибон: “Агар риш нагузоред ва либоси суннатӣ напӯшед, аз кор ронда мешавед”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон: “Агар риш нагузоред ва либоси суннатӣ напӯшед, аз кор ронда мешавед”
Акс: Интернет

Толибон: “Агар риш нагузоред ва либоси суннатӣ напӯшед, аз кор ронда мешавед”

Нашр шуд

Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”, Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) дар Афғонистон ба тамоми кормандони давлатӣ дастур додаанд, ки риш гузоштан ва қоидаҳои пӯшиданро риоя кунанд. Онҳо гуфтаанд, дар акси ҳол аз кор хориҷ карда мешаванд.

Ин хабаргузорӣ аз қавли се манобеъ гуфтааст, ин иқдом бахше аз чанд мавридест, ки Толибон кори онҳоро дар идораҳои давлатӣ маҳдуд кардаанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, масъулони Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон аз имрӯз (29-уми март) дар дари даромадгоҳи идораҳои давлатӣ гаштугузор карда, тафтиш мекунанд, ки оё кормандон тибқи дастури онҳо амал мекунанд ё на.

Ба кормандони давлатӣ гуфта шудааст, ки риш гузошта, либоси маҳаллӣ пӯшанд ва кӯлоҳ ё рӯймоли муллоӣ ба сар бубанданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ба кормандон гуфта шудааст, ки дар сурати риоя нашудани муқаррароти нав аз кор озод хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки Толибон қаблан ҳузур ва таҳсили духтарони аз синфи 6 болоро дар мактабҳо тибқи як фармоне манъ карда буданд.


Толибон пахши барномаҳои “Би-би-сӣ” ва “Садои Амрико”-ро дар Афғонистон қатъ кардаанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед