Ru  | Tj
Толибон*: Чин колоҳои содиротии Афғонистонро аз боҷ озод мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон*: Чин колоҳои содиротии Афғонистонро аз боҷ озод мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Толибон*: Чин колоҳои содиротии Афғонистонро аз боҷ озод мекунад

Нашр шуд

Ҳукумати Толибон* эълом кард, ки Чин аз моҳи декабр колоҳои содиротии Афғонистонро аз боҷ маоф мекунад.

Тибқи хабарномае, ки Арг дар саҳифаи шабакаи X нашр кард, рӯзи 24 октябр Ҷао Шинг, сафири Чин дар Кобул бо Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири Толибон* дар бораи масоили иқтисодӣ гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com иттилоъ медиҳад.

Сафири Чин гуфт, мизони содироти Афғонистон ба Чин дар соли ҷорӣ 11,5 дарсад буд ва умедвор аст, ки дар соли оянда ин рақам то 25 дарсад афзоиш ёбад.

Вай афзуд, ки кишвараш дар моҳи декабр андози содироти Афғонистонро лағв мекунад ва мизони содироти маҳсулоти Афғонистон ба Чин афзоиш хоҳад ёфт.

Ҷао Шинг ҳамчунин афзуд, ки кишвараш қасд дорад тавассути Тоҷикистон як долони нави иқтисодӣ бо Афғонистон боз кунад ва барои сармоягузорӣ дар ин замина мулоқоти сеҷониба миёни Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон хоҳад шуд.

Сафири Чин инчунин афзуд, ки талошҳо барои фаъол кардани долони Вахон барои пайвастани Чин ва Афғонистон низ идома доранд.

Аз сӯи дигар Мавлавӣ Абдулкабир, муовини нахуствазири Толибон* аз Чин барои озодии молиёт аз содироти Афғонистон изҳори сипос кард ва афзуд, ки ин тадбир дар тиҷорат ва иқтисоди Афғонистон таъсири мусбат хоҳад дошт. Вай хостори амалисозии чунин иқдомот аз сӯи кишварҳои дигари ҳамсояи Афғонистон шуд.

Муовини сиёсии нахуствазири Толибон* ҳамчунин долони Вахонро як таҳаввул дар равобити ду кишвар хонд ва гуфт, ки бо анҷоми он табодули иқтисодӣ ва тиҷорат афзоиш хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки дар авохири соли гузашта Толибон* эълон карданд, ки сохтмони роҳи 50-километрӣ дар Вахони Бадахшон, ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, ба зудӣ анҷом хоҳад ёфт.

* Созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед