Ru  | Tj
Толибон гуфтаанд, ки шурӯъ аз ҷашни Наврӯз мактабҳои духтарона дар Афғонистон боз мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон гуфтаанд, ки шурӯъ аз ҷашни Наврӯз мактабҳои духтарона дар Афғонистон боз мекунанд
Акс: TK Media

Толибон гуфтаанд, ки шурӯъ аз ҷашни Наврӯз мактабҳои духтарона дар Афғонистон боз мекунанд

Нашр шуд

Мақомоти Толибон* изҳори умедворӣ кардаанд, ки бо оғози соли нави хуршедӣ (Наврӯз) мактабҳои духтаронаро дар саросари кишвар боз хоҳанд кард.

Забеҳулло Муҷоҳид, муовини Вазири иттилоот ва фарҳанги Толибон ва сухангӯи Толибон дар ин бора рӯзи шанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” дар Кобул хабар додааст.

Аз замони тасарруфи Толибон дар нимаи моҳи август, духтарон дар аксари манотиқи Афғонистон иҷозаи бозгашт ба мактабҳои боло аз синфи ҳафтумро надоранд.

Ин аввалин ҷадвали баррасии дархости муҳимми ҷомеаи байналмилалӣ аз ҳокимони нави Афғонистон аст.

Вақте ки Толибон дар солҳои 1990 дар Афғонистон ҳукмронӣ мекарданд, духтаронро ба таҳсил иҷоза намедоданд ва занон низ иҷозаи кор надоштанд. Яке аз нигарониҳои калонтарин дар ҳоли ҳозир ҷилавгирӣ аз таҳсил ва кори занон аст.

Ҷомеаи байналмиллалӣ, ки аз эътирофи ҳукумати Толибон худдорӣ мекунад, нигарон аст, ки онҳо дубора ба ин гуна иқдомоти шадид ва ифротгароӣ даст мезананд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон дигар кишварҳои ҷаҳон


Бидуни шавҳар ба назди пизишк рафтани занони афғон аз ҷониби Толибон манъ карда шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед