Ru  | Tj
Ҳукумати Ҳиндустон қонуни шаҳрвандии «зидди мусалмон»-ро ба иҷро даровард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Ҳиндустон қонуни шаҳрвандии «зидди мусалмон»-ро ба иҷро даровард
Акс: mehrnews.com

Ҳукумати Ҳиндустон қонуни шаҳрвандии «зидди мусалмон»-ро ба иҷро даровард

Нашр шуд

Давлати Ҳинд қонуни шаҳрвандии ин кишварро, ки аз сӯйи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар "зидди мусалмонон" унвон мешавад, мавриди қарор дод.

Тибқи гузориши "Рейтерз", сухангӯйи ҳукумати Ҳинд рӯзи 11-уми март гуфтааст: "Ҳукумати Модӣ эълом мекунад, ки санади ислоҳи шаҳрвандӣ амалӣ хоҳад шуд."

Тибқи ин қонун, ки ҳукумати Нарендра Модӣ дар соли 2019 тасвиб кард, шаҳрвандии Ҳиндустон танҳо ба паноҳҷӯёни ғайримусалмон дода мешавад.

Ҳукумати Ҳинд дар як изҳорот эълон кард, ки ҳиндуҳо, порсиҳо, сикҳҳо, буддоиҳо, чиноиҳо ва масеҳиёне, ки аз Афғонистон,  Бангладеш ва Покистон ба ин кишвар то 31-уми декабри соли 2014 фирор кардаанд, ҳақи дарёфти шаҳрвандиро доранд, аммо мусалмонон дар ин миён мустасно ҳастанд.

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар ин қонунро "зидди мусалмонон" номида, симои дунявии бузургтарин демократияи ҷаҳонро зери шубҳа гузоштанд. Тасдиқи ин қонун дар соли 2019 боиси эътирозҳои саросарии Ҳиндустон шуд.

Гурӯҳҳои мусалмонӣ мегӯянд, ин қонун 200 милён мусулмони Ҳинд, севумин ҷамъияти мусалмонони ҷаҳонро мавриди табъиз қарор медиҳад. Нигаронии дигар ин аст, ки ҳукумати Ҳинд шаҳрвандии мусулмонони бидуни аснодро дар бархе аз иёлатҳои марзӣ лағв мекунад.

Давлати Ҳинд иттиҳомоти зидди мусалмононро рад мекунад ва мегӯяд, ҳадафи ин қонун ҳимоят аз ақаллиятҳои ғайримусалмон аст, ки дар кишварҳо ё ҷамъиятҳои мусалмоннишин таъқиб мешаванд. Ҳукумат ҳамчунин мегӯяд, ки қонун барои додани шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст, на салби шаҳрвандӣ.

Созмонҳои ҳуқуқи башар иддао кардаанд, ки бадрафторӣ бо мусалмонон дар замони Модӣ, ки аз соли 2014 нахуствазири Ҳинд аст, афзоиш ёфтааст.

Гузоришҳо дар бораи нафратпароканӣ алайҳи мусалмонон дар ин кишвар низ афзоиш ёфта, дар соли 2023 дар як рӯз ба ҳисоби миёна ду мавриди изҳороти зидди мусалмонӣ сабт шудааст.

Тибқи гузориши "ал-Ҷазира", аз ҳар чаҳор мавриди сухани нафрат сетои онҳо дар иёлатҳои таҳти раҳбарии Ҳизби ҳокими Модӣ баён шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед