Ru  | Tj
Узбекистон дар марз бо Қирғизистон ба бунёди як силсила нерӯгоҳҳои барқобӣ оғоз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон дар марз бо Қирғизистон ба бунёди як силсила нерӯгоҳҳои барқобӣ оғоз кард
Акс: UzDaily.uz

Узбекистон дар марз бо Қирғизистон ба бунёди як силсила нерӯгоҳҳои барқобӣ оғоз кард

Нашр шуд

Дар вилояти Намангони Узбeкистон сохтмонсозии силсилаи неругоҳҳои обӣ дар рӯди Норин ва ду нерӯгоҳи офтобӣ оғоз шуд.

Шавкат Мирзиёев, кишвардори Узбекистон дар вилояти Намангон ба сохтмонсозии силсилаи неругоҳҳои обӣ бо иқтидори 228 мегаватт ва ду неругоҳи офтобӣ бо зарфияти умумии 1000 МВт расман оғоз бахшид.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбекистон, дар вилояти Намангон иқтидори тавлиди 913 мегаватт барқ мавҷуд аст, аммо тайи се соли охир масрафи барқ дар ин вилоят 24 дарсад зиёд шуда, торафт меафзояд.

Бо назардошти ин барои вилояти  Намангон се лоиҳа бо арзиши умумии 1,1 милярд долар ва иқтидори умумии 1228 МВт таҳия шуд, он иборат аз силсилаи неругоҳҳои обӣ ва ду неругоҳи офтобӣ аст.

Дар чаҳорчӯби ин тарҳҳо ширкати «Узбекгидроэнерго» ба сохтмонсозии шаш неругоҳи барқобии дорои иқтидори умумии 228 мегаватт дар рӯдхонаи Норин дар вилояти Намангони Узбекистон оғоз кард. Арзиши ин лоиҳа ба 434 милён долар баробар аст.

Пешбинӣ мешавад, ки ин неругоҳҳои обӣ соле 1 милярд киловатт-соат барқ тавлид карда, 430 ҳазор хонаводаи ин вилоятро бо барқ таъмин мекунад.

Баҳрабардории ин неругоҳҳо ба Узбекистон имкон медихад, ки соле то 310 милён метри мукааб газро сарфа кунад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Папи вилояти Намангон ширкати "Hyper Partners" аз Гермон як неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт месозад. Арзиши лоиҳа 350 милён долар буда, иқтидори солонаи неругоҳ 1 милярду 95 милён киловатт-соат мебошад.

Дар баробари ин ноҳияи мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати "Tepelen Group Holding" аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ як неругоҳи дигари офтобӣ сохта мешавад.  Арзиши он низ 350 милён долар ва иқтидори он 500 МВт хоҳад буд.

Қарор аст, то охири соли равон ин неругоҳҳо ба шабакаи барқи Узбекистон пайваст шаванд.

Гуфта мешавад, ки бо баҳрабардории ин тарҳҳо иқтидори неругоҳҳои вилояти Намангон ба 2141 МВт ва истеҳсоли солонаи барқ ба 7,8 милярд киловатт-соат мерасад.

Ин ҳаҷми неруи барқ талаботи вилояти Намангонро, ки 5,5 милярд киловатт-соат аст, пурра конеъ карда, 30 дарсади боқимондаи неруи барқ ба вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона интиқол мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед