Ru  | Tj
Узбекистон газро аз Русия бо нархи арзонтар аз Туркия ва Чин мехарад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон газро аз Русия бо нархи арзонтар аз Туркия ва Чин мехарад
Акс: «Узтрансгаз»

Узбекистон газро аз Русия бо нархи арзонтар аз Туркия ва Чин мехарад

Нашр шуд

Дар соли гузашта Узбекистон ҳар ҳазор метри мукааб гази табиъиро аз Русия ба қимати 160 долар харидааст, хабар медиҳад нашрияи "Коммерсант". Ин нарх аз қимати миёнаи фурӯши гази Русия ба Туркия ва Чин поинтар аст.

Бояд гуфт, ки Узбекистон аз 7-уми октябри соли 2023 воридоти гази Русияро тавассути қаламрави Қазоқистон оғоз кард. Тибқи созишномаи байни «УзГазТрейд» ва «Газпром», интиқоли рӯзона 9 милён метри мукааб ё 2,8 милярд метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Ин ҳаҷми газ тақрибан 448 милён долар арзиш дорад.

Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, вазири энержии Узбекистон қаблан гуфта буд, ки тамоми гази Русия дар бозори дохилӣ масраф шуда, ки аз 1-уми октябр нархи гази табиъӣ барои корхонаҳои давлатӣ ва буҷаӣ то 1000 сӯм (0,88 сомонӣ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ то 900 сӯм (0,79 сомонӣ) боло бурда шуд. Аҳолӣ дар Узбекистон чун солҳои қабл дар сурати доштани шуморсанҷ барои як метри мукааб газ 380 сум (0,33 сомонӣ) пардохт мекунад.

Ба навиштаи “Коммерсант”, нархи гази содиротии Русия ба Узбекистон аз қимати миёнаи фурӯши он ба Туркия (270-280 долар барои 1000 метри мукааб) ва ба Чин (260-270 долар) хеле поинтар аст.

Дар ҳамин ҳол қарор аст, ки транзити гази Русия тавассути Қазоқистон ба Узбакистон аз 3 милярд метри мукааб дар як сол то соли 2026 ба 11 милярд метри мукааб афзоиш ёбад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба вазорати энержии Қазоқистон.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед