Ru  | Tj
Узбекистон ва Қазоқистон дар обҳои фаромарзӣ таҷҳизоти об насб мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон ва Қазоқистон дар обҳои фаромарзӣ таҷҳизоти об насб мекунанд
Акс: Муқимҷон Қодиров / УзА

Узбекистон ва Қазоқистон дар обҳои фаромарзӣ таҷҳизоти об насб мекунанд

Нашр шуд

Узбекистон ва Қазоқистон барои чен кардани масрафи обҳои фаромарзӣ дар қаламрави якдигар дастгоҳи ҳисоби об насб мекунанд. Ҷонибҳо тариқи бархат (онлайн) дар заминаи масрафи об мубодилаи иттилоъот хоҳанд кард. Қаблан дар марзи Узбeкистону Тоҷикистон дастгоҳҳои шуморишгари обҳои фаромарзӣ бо ҳамин ҳадаф насб шуда буд.

Узбекистон ва Қазоқистон ба мувофиқа расиданд, ки дар қаламрави ҳамдигар таҷҳизот насб кунанд, то ҳаҷми дақиқи обро, ки ҳарду кишвар масраф мекунанд, бишуморанд. Дар ин бора Вазорати манобеъи об ва обёрии Қазоқистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки аз тариқи ин таҷҳизот ду кишвар дар бораи масрафи мутақобилаи об ба сурати бархат табодули иттилоъот хоҳанд кард. Ҳоло коршиносони ҳарду кишвар дар бораи макони насби шуморишгарҳои обӣ корбарӣ доранд.

Таъкид мешавад, ки тавофуқи ҳосилшуда барои Қазоқистон, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ ба манбаъҳои об дастрасии камтар дорад, муҳим аст.

Дар навбати худ Нурҷон Нурҷигитов, вазири манобеъи об ва обёрии Қазоқистон гуфт, ки дар моҳи апрел ин ниҳод барнома дорад, ки музокиротро дар заминаи тарҳҳои мушобеҳ бо дигар кишварҳои ҳамсоя низ оғоз кунад.

Қаблан Қосимҷомарт Тоқаев, кишвардори Қазоқистон борҳо масъалаи «об»-ро матраҳ карда буд. Тирамоҳи соли гузашта Тоқаев дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ин мавзуъро матраҳ карда буд.

Он замон вай пешниҳод дод, ки тарҳи низоми ягонаи худкори баҳисобгирӣ, назорат, мудирият ва тақсимоти  захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал таҳия шавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 Қазоқистон эълом дошт, ки қасд дорад қарордоди корбурди манобеъи обу энержии ҳавзаи рӯдхонаи Сир бо Узбекистон ва Қирғизистонро тағйир диҳад. Ҷониби Қазоқистон ба нақзи вазъи экологии рӯдхона бар асари олудаҳои воридшаванда аз Узбекистон ишора мекунад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 23-юми феврал дар посгоҳҳои фаромарзии «Патар» ва «Сарвак» дар канори ҷӯйҳои Фарғонаи шимолӣ ва Фарғонаи бузург дар марзи Узбакистон ва Тоҷикистон дастгоҳҳои шуморишгари маҷрои об насб карда шуд.

Тибқи пешгӯйиҳои иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳои Осиёи Марказӣ то соли 2040 талабот ба захираҳои об 2,8 маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Аз сӯйи дигар гуфта мешавад, ки сатҳи оби ду рӯдхонаи Сир ва Ому то соли 2050 тақрибан 15% коҳиш хоҳад ёфт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед