Ru  | Tj
Вакилони парлумони Тоҷикистон санаи ду иди нави касбиро тасдиқ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вакилони парлумони Тоҷикистон санаи ду иди нави касбиро тасдиқ намуданд
Акс: Sputnik

Вакилони парлумони Тоҷикистон санаи ду иди нави касбиро тасдиқ намуданд

Нашр шуд

Парлумони Тоҷикистон рӯзи иди касбии кормандони мақомоти адлия ва коргарони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятиро тасдиқ кардааст.

Ба иттилои Парлумони Тоҷикистон, рӯзи 29-уми декабри соли равон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати Vİ- ум  лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" баррасӣ гардида, қарор шудааст, ки 20-уми апрел рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26-уми июл рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ эълон карда шавад.

Таъкид мегардад, ки дар ҷаласа, инчунин лоиҳаи як қатор қонунҳои дигар,  аз қабили лоиҳаи Қонуни конститутсионии ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон",  лоиҳаи Қонуни ҶТ  "Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ғайраҳо ба баррасӣ кашида шуданд.

Зимнан, дар фарҷоми нишаст роҷеъ ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки 16-уми декабри соли 2021 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати Vİ- ум мувофиқ ба рӯзномаи ҷаласа дар умум 58 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.


Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чаҳорум Президенти КМО интихоб гардид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед