Ru  | Tj
Вазири адлия гуфт, ки дар Тоҷикистон чанд адвокат фаъолият мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири адлия гуфт, ки дар Тоҷикистон чанд адвокат фаъолият мекунад
Акс: NoTorture.Tj

Вазири адлия гуфт, ки дар Тоҷикистон чанд адвокат фаъолият мекунад

Нашр шуд

Музаффар Ашӯриён шумори дақиқи адвокатҳои Тоҷикистонро гуфт ва илова намуд, ки соли ҷорӣ дар кишвар 15 утоқи адвокатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба гузориши Halva, дирӯз зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе Музаффар Ашӯриён, Вазири адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз соли 2015 то имрӯз дар кишвар 247 утоқи адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ва 18 коллегияи адвокатӣ сабтином шудаанд, ки дар онҳо 807 адвокат фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра дар Тоҷикистон 2 утоқӣ адвокатӣ барҳам дода шудааст.

Утоқҳои адвокатӣ дар Тоҷикистон дар асоси моддаҳои 18 ва 25 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба қайд гирифта мешаванд.

Вазири меҳнати Тоҷикистон ба бозори мардикори занон дар шаҳри Бохтар рафт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед