Ru  | Tj
Вазорат: Карантин намешавад, то охири сол 5,8 миллион нафар ваксина мегиранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорат: Карантин намешавад, то охири сол 5,8 миллион нафар ваксина мегиранд
Акс: CentralAsia

Вазорат: Карантин намешавад, то охири сол 5,8 миллион нафар ваксина мегиранд

Нашр шуд

Муовини аввали вазири тандурустӣ гуфт, ки эълони карантин дар Тоҷикистон дар нақша нест, аммо то охири сол бояд 62,5 фисади сокинон ваксина бигиранд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ имрӯз дар ҳузури хабарнигорон дар Душанбе таъкид намуд, ки роҳандозии карантин дар кишвар дар нақша нест ва дар шароити кунунии Тоҷикистон танҳо ба масъулиятшиносии шаҳрвандон ҷиҳати мубориза бо коронавирус такя хоҳанд кард.

Муҳсинзода ҳамчунин афзуд, ки то поёни сол қарор аст, ки ҳудуди 5,8 миллион нафар сокинон ваксина бигиранд ва фоизи фарогирӣ бояд ба 62,5 дарсад баробар гардад.

Қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода буд, ки то 23-уми июл дар Тоҷикистон беш аз 447 ҳазор нафар вояи якум ва 22,2 ҳазор нафар вояи дуюми ваксина бар зидди коронавирусро қабул кардаанд.

Маъракаи ваксиназанӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Ҳоло дар кишвар ду намуд ваксина - AstraZeneca ва CoronaVac ба мардум пешниҳод мешавад. Дирӯз боз 1,5 миллион воя ваксинаи "Модерна" аз Амрико ба Тоҷикистон ворид гардид. Вазорат гуфт, ки ин ваксина ба тамоми манотиқи кишвар аз рӯи нақша тақсим карда мешавад.

Вохӯрии ҳайати кории Роспотребнадзор бо кормандони Вазорати тандурустӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед