Ru  | Tj
Вазорат: Тоҷикистон дар даҳ моҳ беш аз 400 тонна бензин истеҳсол кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорат: Тоҷикистон дар даҳ моҳ беш аз 400 тонна бензин истеҳсол кардааст
Акс: Sputnik

Вазорат: Тоҷикистон дар даҳ моҳ беш аз 400 тонна бензин истеҳсол кардааст

Нашр шуд

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки имсол дар кишвар беш 400 тонна бензин истеҳсол шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 20, 4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва аз ҷумла, 405, 4 тонна бензин тавлид шудааст.

Вазорат гуфтааст, ки дар ин давра ба Тоҷикистон беш аз 495 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки арзиши умумии онҳо баробар ба 312, 2 миллион доллар будааст.

Таъкид мегардад, ки Русия ҳамоно таъминкунандаи аслии бозори Тоҷикистон ба маводи сӯхт боқӣ монда, ҳамчунин Душанбе аз Қазоқистон низ маҳсулоти нафтӣ мехарад.

Вазорати энергетика афзудааст, ки ҳоло дар кишвар ҳафт ширкат дар самти истихроҷи нафт кор мекунанд.

Истеҳсоли ҳамагӣ 405 тонна бензин дар ҳолест, ки имсол дар Тоҷикистон нархи маводи сӯхт, аз ҷумла бензин ба таври бесобиқа боло рафт ва ин ба афзоиши арзиши аксар маҳсулоти ғизоӣ ва ба гаронии хизматрасониҳо низ боис гардид.

Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, болоравии қимати фаровардаҳои нафтӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксар кишварҳои дунё дида мешавад ба бастагӣ ба афзоииши қимати нафт дорад.

Зеро агар дар оғози соли ҷорӣ арзиши як тонна бензин дар корхонаҳои коркарди нафти Русия 370 доллар буд, дар моҳи октябр ин нарх ба 670 доллар расидаву беш аз 2 маротиба гаронтар шудааст.

Бе бензину газ. Дар Тоҷикистон ба тавлиди нақлиёти барқӣ оғоз менамоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед