Ru  | Tj
Вазорати хориҷаи Покистон ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хоки Афғонистонро таъйид кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷаи Покистон ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хоки Афғонистонро таъйид кард
Акс: Sputnik

Вазорати хориҷаи Покистон ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хоки Афғонистонро таъйид кард

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Покистон бо нашри изҳороте гуфт, ки ин кишвар аъзои гурӯҳи Ҳофизгул Баҳодурро дар хоки Афғонистон ҳадаф қарор додааст.

Вазорати хориҷаи Покистон ҳамлаҳои ҳавоӣ ба вилоятҳои Пактико ва Хост дар Афғонистонро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳадафи аслии инҳо ҳамлаҳо "ҳаросафканӣ" аст, ки ба гурӯҳи Ҳофизгул Баҳодур марбут аст.

Дар ин изҳорот таъкид мешавад, ки гурӯҳи Ҳофизгул Баҳодур дар ҳамдастӣ бо "Таҳрики Толибони Покистон"* масъули ҳамлаҳои пуршумори ҳаросафкан аз Афғонистон ба хоки Покистон ва кушта шудани садҳо ғайринизомӣ ва низомиён ҳастанд.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфт, ки ҳамлаи охирин ба як посгоҳи амниятӣ дар минтақаи Мир Алӣ дар Вазиристони шимолӣ рух дода, ҳафт сарбози Покистонро куштааст.

Гурӯҳи Толибон субҳи 18-уми март эълон кард, ки тақрибан соати 3:00 ҳавопаймоҳои покистонӣ хонаҳои "сокинони осоишта"-ро дар минтақаи "Леман"-и ноҳияи Бармали Пактико ва "Дубайи Афғон"-и ноҳияи Сипарии Хустро бомбаборон карданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон бо нашри як изҳорот гуфт, дар ин ҳамлаҳо се зан ва се кӯдак дар Пактико ва ду зан дар Хуст кушта шудаанд.

Вай ин амалро носанҷида ва таҷовуз ба  хоки Афгонистон донист ва махкум кард.

Дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо вазорати хориҷаи Толибон Убайдурраҳмон Низомонӣ, кордори сафорати Покистон дар Кобулро фаро хонда ва эътирози расмии худро ба ӯ ироа кардааст.

Бояд гуфт, ки ҳамлаҳои Покистон як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон дар пайи кушта шудани ҳафт сарбози ин кишвар дар Вазиристони Шимолӣ ваъдаи интиқом дод.

Ин сарбозони покистонӣ ахиран дар ҳамлаи бомбгузорони маргталаб дар Вазиристони Шимолӣ дар наздикии марз бо Афғонистон кушта шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед