Ru  | Tj
Вазорати хориҷӣ: Соҳибкорони олмонӣ ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷӣ: Соҳибкорони олмонӣ ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати хориҷӣ: Соҳибкорони олмонӣ ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд

Нашр шуд

Соҳибназар Ғайратшо бо Директори иҷроияи Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон Маркус Йергер мулоқот ва роҳҳои ҷалби соҳибкорони олмонӣ ба иқтисоди кишварро баррасӣ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо зимни дидору гуфтугӯ бо Маркус Йергер, Директори иҷроияи Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон масоили марбут ба таҳкими равобити иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби соҳибкорони хурду миёнаи олмонӣ ба Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дод.

Манбаъ афзуд, дар ин мулоқот ба фазои барои сармоягузорӣ мусоид ва ислоҳоти солҳои охир дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида аҳамияти махсус дода шуд ва Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон ҷиҳати вусъати тоза ёфтани равобити иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон изҳори алоқамандӣ зоҳир намуд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки таъйини атташеи тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмон нишонаи таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Аврупост.   

Лозим ба зикр аст, ки Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (Der Mittelstand BVMW) ҳудуди 9 ҳазор ширкатро муттаҳид намуда ва дар ин баробар дар кишварҳои хориҷ беш аз 300 намояндагӣ дорад. Ҷалби сармоягузорон ва соҳикборони хориҷӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон дониста шудааст.

Арзиши патент барои соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон қариб 10% зиёд шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед