Ru  | Tj
ВКД: Дар ним сол 220 узви созмонҳои мамнуъ ихтиёран ба Тоҷикистон бозгаштанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ВКД: Дар ним сол 220 узви созмонҳои мамнуъ ихтиёран ба Тоҷикистон бозгаштанд
Акс: аз манбаъҳои боз

ВКД: Дар ним сол 220 узви созмонҳои мамнуъ ихтиёран ба Тоҷикистон бозгаштанд

Нашр шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки то кунун дар умум 1589 узви созмонҳои мамнуъ ба ватан бозгашта, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 226 нафар узви созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ боздошт шуда, инчунин 220 нафар ихтиёран ба Ватан баргаштанд ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор дошт, хабар медиҳад хабаргузории “Ховар”.

Ба иттилои ин манбаъ, дар умум бо роҳандозии чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ то имрӯз 1589 нафар узви созмону ташкилоти террористӣ, иштирокчиёни амалиёти мусаллаҳона аз хориҷа ба Тоҷикистон баргашта, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод ва ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.

Дар баробари ин бояд гуфт, ки соли ҷорӣ бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон 47 хонаводаи аъзои гурӯҳҳои террористӣ (дар умум 381 шаҳрванди Тоҷикистон) аз давлатҳои ҷангзада ба ватан баргардонида шуданд.

Бояд гуфт, тибқи тағйирот ба моддаҳои 307 ва 401- и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, агар шахси дар амалиёти мусаллаҳона дар хориҷ аз кишвар иштироккарда ва ё аъзои дигари гурӯҳҳои террористӣ аз кардаи худ сидқан пушаймон шуда, ихтиёран ба Ватан баргарданд, агар дар ҳаракатҳояшон дигар таркиби ҷиноят дида нашавад, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 582 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ сабт шудааст. Дар натиҷаи чораҷӯӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 1381 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед