Ru  | Tj
ВКХ барои хидматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ВКХ барои хидматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт
Акс: Интернет

ВКХ барои хидматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт

Нашр шуд

Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ барои анҷомдиҳии хидматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ иҷозат дод.

Тибқи иттилои бахши матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, Раёсати ин ниҳод  22-уми июни соли 2021, бо тасвиби қарори таҳти №105 барои анҷомдиҳии хидматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод.

Ҳамчунин, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллӣ вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хидматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Манбаъ мегӯяд, ки ин қарор дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"  ба тасвиб расидааст. 

Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед