Ru  | Tj
Воридоти мошинҳои барқӣ ба Узбекистон чаҳор баробар афзоиш ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Воридоти мошинҳои барқӣ ба Узбекистон чаҳор баробар афзоиш ёфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Воридоти мошинҳои барқӣ ба Узбекистон чаҳор баробар афзоиш ёфт

Нашр шуд

Воридоти мошинҳои барқӣ ба Узбекистон дар ду моҳи аввали соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чаҳор баробар афзоиш ёфтааст. Ба ин кишвар ба маблағи 85,7 милён долар 3502 мошини барқӣ ворид карда шуд, хабар медиҳад Ожонси омори Узбекистон.

Гуфта мешавад, ки зиёда аз 99% мошинҳои барқӣ, яъне 3479 адад аз Чин ба Узбекистон ворид карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар солҳои ахир мақомоти Узбакистон ба воридот ва тавлиди мошинҳои барқӣ ба ин кишвар имтиёз додаанд.

Аз соли 2021 ин кишвар интизор дорад, ки ширкати "Central Asia Motors" дар вилояти Фарғона як корхонаи тавлиди мошинҳои барқӣ, бо зарфияти истеҳсоли то даҳ ҳазор мошин дар солро роҳандозӣ кунад.

Дар ин миён ширкати чинии "BYD Europe B.V." фаъолияти назаррастар дошта, то охири соли 2024 истеҳсоли 50 ҳазор адад мошини барқирро барномарезӣ кардааст.

Дар баробари ин ба соҳибкорон ва ширкатҳое, ки ба истеҳсол ва фурӯши мошинҳои барқӣ дар Узбекистон машғуланд, имтиёзҳо дода шудааст.

То соли 2025 шумораи дастгоҳҳои пуркунандаи барқ барои ин анвоъи таробарӣ (нақлиёт) дар Узбекистон бояд ҳадди ақалл ба 2500 адад расад. Ҳамзамон дар Узбекистон барои вазорату ниҳодҳо, кумитаҳои давлатӣ ва корхонаҳое, ки дар сармояи он на камтар аз 50% саҳми давлатӣ доранд, 3863 адад мошини барқӣ харидорӣ карда мешавад.

Аз сӯйи дигар аз 1-уми апрел арзиши сабтином ва бақайдгирии мошинҳои барқӣ дар Узбакистон нисбат ба мошинҳое, ки бо бензин ё сӯзишвории дизелӣ кор мекунанд, чаҳор баробар арзонтар шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед