Ru  | Tj
Як паҳлавони ӯзбек, се паҳлавони тоҷик. Ғолибони Ҷоми Президент-2021 муайян шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Як паҳлавони ӯзбек, се паҳлавони тоҷик. Ғолибони Ҷоми Президент-2021 муайян шуданд
Акс: ASIA-plus

Як паҳлавони ӯзбек, се паҳлавони тоҷик. Ғолибони Ҷоми Президент-2021 муайян шуданд

Нашр шуд

Ғолибони ҳаштумин Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар ҳамаи вазнҳо муайян шуданд. 

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президент, ки аз 3-юм то 5-уми октябр дар Душанбе баргузор гардид, се паҳлавони тоҷик ва як паҳлавони ӯзбек мақомҳои нахустро дар чаҳор вазн касб намуданд.  

Манбаъ мегӯяд, паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов (+90 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Умар Расулов (- 81кг) ва ҷудокори ӯзбек Дилшод Юлдошев ( - 66 кг) дар ин сабқати байналмилалӣ ғолиб гардидаву ҳар кадом соҳиби 30 000 сомонӣ ҷоиза шудаанд.  

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон гуфтааст, ки  дар мусобиқа 133 варзишгар аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус дар чаҳор вазн  байни ҳам қувваозмоӣ намудаанд.

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ ҳамасола баргузор мешавад. Танҳо соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус ин сабқат сурат нагирифта буд. 

Солҳои 2018 ва 2019 ин рақобатҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо  аз рӯи 7 вазн баргзуор шуда буд.

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба гуштинҳои юнони-румии



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед