Ru  | Tj
Ӯзбекистон: “Афғонистон набояд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ канор зада шавад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон: “Афғонистон набояд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ канор зада шавад”
Акс: Kun.uz

Ӯзбекистон: “Афғонистон набояд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ канор зада шавад”

Нашр шуд

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, рӯзи душанбе дар поёни нишасти Шӯрои ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳо бо Афғонистон гуфт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Комилов афзуд, хурӯҷи нерӯҳои НАТО бо раҳбарии Амрико аз Афғонистон набояд ба маънои аз даст додани манофеи мардумӣ ва масъулияти дастаҷамъӣ барои ояндаи ин кишвар бошад.

Аз сӯйи дигар, вазири умури хориҷаи Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки бори гирони мушкилоти Афғонистон набояд бар дӯши кишварҳои минтақа, ба вижа ҳамсояҳои наздики он бор шавад.

Вай ба захираҳои яхбастаи Афғонистон дар Амрико ишора карда ва таъкид кардааст, ки ин пул бояд барои аз сар гирифтани муомилоти бонкӣ дар ин кишвар озод шавад.

Вазир ҳамчунин, ба зарурати тамаркуз ба либерализатсияи Афғонистон ишора кардаву гуфта, ки ҳамин ҳоло ҳалли бӯҳрони низоми бонкии ин кишвар муҳимтар аст.

Аз сӯйи дигар, Комилов қайд кардааст, ки эътирофи Толибон (*ҳаракати террористӣ) ба таъсиси ҳукумати фарогир, таъмини ҳуқуқи бунёдии башар, татбиқи сиёсати неки ҳамсоягӣ, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфта бастагӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо Ӯзбекистон бо Афғонистон тарҳҳои муҳимми энержӣ ва транзитӣ амалӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон гарчанд Толибонро ба расмият нашинохтааст, вале робитаи наздик ба ҳукумати онон доранд.

Беш аз 2,7 ҳазор низомиёни ОМҲ дар машқҳои СПАД дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иштирок менамоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед