Ru  | Tj
Ӯзбекистон баъди буҳрони барқу газ бо камбуди бензин мувоҷеҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон баъди буҳрони барқу газ бо камбуди бензин мувоҷеҳ шуд
Акс: podrobno.uz

Ӯзбекистон баъди буҳрони барқу газ бо камбуди бензин мувоҷеҳ шуд

Нашр шуд

Дар Ӯзбекистон ба далели фаъолият накардани қисмати бештари нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ талабот ба бензин якбора зиёд шуд. Ин ҳолат наввбатҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ ва камбуди захираҳои бензинро дар ин кишвар ба бор овардааст.

Ба навиштаи хабаргузории Podrobno.uz, чанде пеш ширкати «Ӯзбекнефтгаз» эътироф кард, ки камбуди бензинро дар Ӯзбекистон аз ҳисоби иқтидорҳои дохилӣ бартараф карда наметавонад.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар айни замон дар Ӯзбекистон талабот танҳо ба бензини АИ-80 дар як шабонарӯз ба 8 ҳазор тонна расидааст. Дар ҳоле ки ду корхонаи дохилӣ дар Ӯзбекистон ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 4,6 ҳазор тонна бензини АИ-80 истеҳсол мекунанд.

Дар идомаи хабар таъкид мешавад, ки бо назардошти ин вазъият мақомоти Ӯзбекистон барои харидории 50 ҳазор тонна бензини навъи АИ-80 аз ширкатҳои Русия қарордод бастаанд. Илова бар ин дар моҳи январ аз ширкатҳои хориҷӣ 8,4 ҳазор тонна бензини баландсифати АИ-92 ва АИ-98 харидорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки рӯзи 2-юми феврал баъди таваққуфи тӯлонӣ 35 нуқтаи фурӯши гази табиӣ дар Тошканд ба кор даромад. Аммо вақти кори онҳо маҳдуд буда, аксари нуқтаҳои фурӯши газ аз соати 7:00 то 17:00 фаъолият мекунанд.

Аз сӯйи дигар, ба навиштаи ин манбаъ, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 3-юми феврал дар мулоқот бо соҳибкорони вилояти Намангон гуфтааст, ки нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар давоми ҳафта назар ба пештара панҷ баробар зиёдтар газ мегиранд, то камбуди сӯзишворӣ дар ин кишвар бартараф карда шавад.

Гуфта мешавад, ки дар давоми ҳафта нуқтаҳои фурӯши газ дар Ӯзбекистон ба ҷойи 1 миллион метри мукааб то 5 миллион метри мукааб газ дарёфт хоҳанд кард. Дар баробари ин барои пурра барқарор намудани кори корхонаҳои саноатӣ, инчунин соҳаҳои хидматрасонӣ дар Ӯзбекистон дар як шабонарӯз 80 миллион метри мукааб газ ва 126 миллион киловатт-соат барқ интиқол дода мешавад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед