Ru  | Tj
Ӯзбекистон парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад
Акс: 2gis.ru

Ӯзбекистон парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад

Нашр шуд

Ӯзбекистон низ дар баробари Тоҷикистон кушиш ба харҷ медиҳад, то парвозҳои мунтазам бо Русия барқарор шаванд.

Муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Жасурбек Чориев хабар дод, ки ба комиссияи махсуси ФР оиди мубориза бар зидди коронавирус маълумотҳо оиди вазъи кунунии эпидемиологии кишвар равон намуданд.

"Мо тибқи меъёрҳое, ки комиссияи Русия барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам муқаррар кардааст, ба ҳама стандартҳо ҷавобгӯ ҳастем", - шарҳ дод Чориев.

Аз ин лиҳоз Узбекистон мехоҳад то моҳҳои март апрел посухи  Русияро дар бораи барқарор намуднаи парвозҳои мунтазам гирад.

Тоҷикистон бошад, баъд аз қарори комиссияи байниҳукуматӣ бо Россия ба хулосае омаданд, ки гурӯҳи мутахассисони “Роспотребнадзор” ба Тоҷикистон омада вазъи кишварро месанҷанд ва баъд аз натиҷаи гузориш масъалаи барқарор намудани парвозҳо бо Тоҷикистон баррасӣ мегардад.
Алҳол бошад, танҳо парвозҳои чартерӣ барои ба ватан овардани шаҳрвандон сурат гирифта истодаанд.

Парвозҳо аз Тоҷикистон бо Қазоқистону Афғонистон барқарор шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед