То 21 ҳазор сомонӣ ҷарима: Азми ҳукумат барои ҳифзи тут бо мақсади ташкили 50 ҳазор ҷои кор
Нашр шуд
Барги тут хӯроки кирмак асту кирмакпарварӣ дар навбати худ метавонад то 50 ҳазор нафарро дар Тоҷикистон бо кор таъмин кунад, бовар доранд дар ҳукумати ҷумҳурӣ ва барои ҳифзи тутзорҳо ҷаримаҳои навро ҷорӣ намуданд, ки то беш аз 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон моддаи алоҳида ворид гардид, ки ахиран мавриди амал қарор гирифт. Halva.tj муайян кард, ки тутбурҳоро чӣ интизор асту чаро ҳукумат азми ҳифзи тутзорҳоро дорад.
Гарчанде бо ташаббуси Тоҷикистон “Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ” мероси ғайримоддии башарият эътироф гардидааст, феълан ин бахш дар ҷумҳурӣ пешрафти зарурӣ надорад ва ҳукумат вазъро ислоҳ карданист.
Поймоли баргҳои тут мамнуъ шуд: Барои аспу чорво низ
Дар Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон моддаи ҷадиди 249 замимаи 1 мавриди амал қарор гирифт, ки тибқи он, барои поймол намудани тутзор, несту нобуд кардани баргҳои расида ё ҷамъоваришудаи дарахтони тут, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда – аз 360 то 720 сомонӣ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо – аз 720 то 1080 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Барои бо аспу ароба ва чорво поймол кардани тутзор, ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда (аз 360 то 720 сомонӣ), барои бо воситаҳои нақлиёт поймол кардани тутзор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда (1440 то 2160 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардидаст, ки агар давоми як сол такроран ба нобудсозии тутзорҳо ё поймол кардани баргҳояш даст зада шавад, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил (2160 то 2880 сомонӣ) ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3600 то 4320 сомонӣ) ҷарима таҳдид хоҳад кард.
Ҳамчунин дар моддаи 183-и Кодекси маъмурӣ меъёри ҷадид ворид шудаст, ки буридани тутзорҳоро мамнуъ мекунад. Тибқи ин муқаррарот, агар баъди таъйини ҷазои маъмурӣ давоми як сол боз ба буридани тутҳо даст зада шавад, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 18 ҳазор то 21 ҳазору 600 сомонӣ) ҷарима таъйин мешавад.
Пурзӯр шудани назорат баъди нигаронии президент
Таваҷҷуҳ ба ҳифзи тутзорҳо ҳамчун омили асосии рушди пиллапарварӣ дар Тоҷикистон солҳои охир майли афзоиш дорад. Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар мулоқот бо саноатчиёни кишвар гуфт, пиллапарварӣ ва коркарди пилла аз ҷумлаи ҳунарҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба шумор меравад, аммо феълан дар сатҳи лозима рушд накарда истодааст.
“Яке аз мушкилоти дигари соҳа истифодаи ғайримақсадноки тутзор ва дарахтони тут ба шумор меравад, ки имрӯзҳо дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дошта, ба нигоҳубини онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда намешавад ва танҳо бо мақсади гирифтани ҳезум истифода гардида, оқибат ба нобудшавии онҳо оварда мерасонад”, - нигаронӣ карда буд Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар чунин вазъият эҳтимоли аз байн рафтани анъана ва таҷрибаву малакаи атласу адрасу шоҳибофиро дорад, ки набояд ба он роҳ дода шавад.
Вазорати саноат муваззаф шудааст, ки ба кори мавсимӣ дар соҳаи кирмакпарварӣ то 50 ҳазор нафарро ҷалб намояду барои рушди соҳа чораандешӣ кунад.
Озодӣ аз андозу дастур ба шаҳру ноҳиядорон дар мавриди тутзорҳо
Баъди дастури раисҷумҳур, замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шуданд.
Қарори махсуси ҳукумат низ имзо шуд, ки мақомоти Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муваззаф шуданд, дар ҳар як шаҳру ноҳия ба андозаи умумии на кам аз 5 гектар барои бунёди тутзорҳо қитъаи замини обӣ ҷудо кунанд.
Вазоратҳои нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва мақомоти шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки барои аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пиллаи Тоҷик" шинонидани ниҳолҳои тут кад-қади роҳҳои автомобилгард тадбирҳои зарурӣ андешанд.
“Пиллаи тоҷик” хусусӣ шуду ба по хест?
Маврид ба зикр аст, ки “Пиллаи тоҷик” собиқ корхонаи давлатӣ мебошад, ки соли 2019 ба иттиҳодияи истеҳсолии “Ганҷ” ба маблағи қариб 5 млн сомонӣ бо шарти пардохти қариби 16 млн сомонӣ қарзи корхона ва сармоягузории беш аз 35 млн сомонӣ ба рушди корхона фурӯхта шуд.
Зоҳиран баъди хусусигардонӣ корҳо дар корхона рӯй ба беҳбудӣ овардаанд. Соли равон бо иштироки раисҷумҳур, дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии “Пиллаи тоҷик” ифтитоҳ шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар корхонаи мазкур коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад.
Масъулини “Пиллаи тоҷик” ба раисҷумҳур ҳисобот додаанд, ки барои фароҳам овардани заминаҳои рушди кирмакпарварӣ барои васеъ кардани майдон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ давоми 2 соли охир 2 миллион дона ниҳоли тут шинонида шудааст. Оянда ҳар сол ба миқдори 1 миллион дона ниҳоли тут шинонида мешавад, таъкид намуданд масъулин.
Дар ҳамин ҳол нишондиҳандаҳои пиллапарварӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз хеле камтар аз он аст, ки дар солҳои охири шӯравӣ буд. Тибқи омори расмӣ, тайи нимсолаи аввали соли равон камтар аз 400 тон пилла истеҳсол шудааст, ки барои муқоиса ин нишондод соли 1991 беш аз 4500 тоннаро ташкил медод.
Таҳлилгарон дар мавриди тутпарварӣ изҳор медоранд, ки он на танҳо метавонад манбаи ғизои кирмак бошад, балки ғизои аз ҷиҳати экологӣ тозаи инсон низ ҳаст, ки дар солҳои қаҳтӣ дар Тоҷикистон ҳазорон нафарро аз гуруснагӣ наҷот додааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед