Ru  | Tj
Афзоиши кумакпулӣ ба камбизоатон ва шарти ҳукумат: Аз гов то фаршу боми хонаро мебинанд
Афзоиши кумакпулӣ ба камбизоатон ва шарти ҳукумат: Аз гов то фаршу боми хонаро мебинанд
Аксҳо аз Sputnik

Афзоиши кумакпулӣ ба камбизоатон ва шарти ҳукумат: Аз гов то фаршу боми хонаро мебинанд

Нашр шуд

Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми кумакпулӣ барои камбизоатҳоро аз 1 сентябри соли равон қисман зиёд карда, аз 1 январи соли 2025 боз зам мекунад. Тартиби таъйину пардохт низ аз моҳи равон нав шуда, ҳукумат ба камбизоатҳои қобили кор шарт гузоштааст.

Halva.tj бо тафсилот шинос шуду ҳаҷми кумакпулиҳоро ҳисоб кард.

Соли равон андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат барои 12 моҳ 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 720 сомониро ташкил медиҳад, чун соли равон як нишондиҳанда ба 72 сомонӣ баробар аст.

Ҳукумат қарор кард, ки аз 1 сентябри соли равон инчунин барои ҳар кӯдаки то 16-солаи оилаҳои камбизоат ва хонаводаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, иловатан 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 144 сомонии дигар пардохт карда шавад.

Аз 1 январи соли 2025 андозаи кумакпулӣ барои оилаи камбизоат барои дувоздаҳ моҳ ба андозаи 11 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудаст. Ба ибораи дигар 792 сомониро ташкил хоҳад дод ва агар ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли ҷадид боло равад, мутаносибан кумакпулӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.

Иловатан аз аввали соли 2025 барои ҳар кӯдаки то 16-сола, барои ду ва зиёда шахси маъюб ва пиронсолони аз 80-сола боло ба хонаводаҳои камбизоат иловатан дар ҳаҷми ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт мешавад.

Ин пул ҳар семоҳа ба андозаи 25%-и ҳаҷми умумӣ пардохт гардида, мақомоте, ки дар раванди таъйину пардохти он машғуланд метавонанд то 3%-и ҳаҷми умумии онро ҳамчун хароҷоти маъмурӣ ҳисоб кунанд. Маблағ тариқи “Амонатбонк” пардохт шуда, ҳаққи хизматрасонии бонкӣ дар ин раванд 0,5% муқаррар шудааст.

Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки барои кумаки унвонӣ ба оилаҳои камбизоат дар соли равон ҳудуди 220 млн сомонӣ равона гардида, соли оянда ҳаҷми он боз афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳукумат бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷату маълумоти пешниҳодшуда, иҷозат додаст, ки дар назди мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот як корманди иҷтимоӣ бе додани мақоми хизматчии давлатӣ ба кор қабул карда шавад.

Говҳоро ҳисоб мекунанду фаршу бому девори хонаро мебинанд

Барои онҳое, ки мехостанд беасос аз кумакпулиҳо бархӯрдор шаванд, кор мушкил мегардад, чун ҳукумат азми таҳкими назорат дар ин соҳаро дошта, барои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ муҷозоту баргардондани ҳатмии маблағҳоро муқаррар кардаст.


Барои муайян намудани камбизоатии оилаҳо низ ҳукумат бархе меъёрҳоро мушаххас кардааст. Аз ҷумла мақомоти маҳаллию иҷтимоӣ ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон, ноболиғон, пиронсолони аз 80-сола боло ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила, даромади пулию молиявии шаҳрвандон, молу мулки шаҳрвандон, ҳолати манзили истиқоматӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта, шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандонро ба назар гирифта, баъд кумакпулӣ таъйин мекунанд.

Зимни таъйин аз ҷумла доштани яхдону мошини дарздӯзӣ, плита ва воситаи нақлиёт ба назар гирифта мешавад. Бе девору бому фарши хона низ аҳамият дода мешавад, ки аз хишт ё лой, қамишпӯш аст ё тунукапӯшу черепитса. Масолеҳи фарш низ ба назар гирифта мешавад, ки паркет дорад ё сементу лой.

Дурӯғгӯйҳоро чӣ интизор аст?

Оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила маълумоти бардурӯғ пешниҳод намуда, беасос кумакпулии унвонии иҷтимоӣ гирифтаанд, уҳдадор хоҳанд шуд, ки маблағҳои ғайриқонунӣ гирифтаро дар давоми як моҳ пурра ба суратҳисоби филиали “Амонатбонк” баргардонанд.

Чунин оилаҳо ва шаҳрвандон аз ҳуқуқи гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар давоми 36 моҳ аз рӯзи қатъ гардидани кумакпулӣ маҳрум мегарданд, қарор кардаст ҳукумат.

Шарти ҳукумат ба камбизоатҳое, ки қобилияти корӣ доранд

Ба оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси қобили меҳнат доранд, кумакпулии унвонии иҷтимоӣ шартан ба муҳлати 6 моҳ таъйин карда мешавад.


Ҳукумат таъкид кардаст, ки рӯйхати чунин оилаҳо барои корбарии минбаъда ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳод карда мешавад, то коре барояшон пайдо созад. Дар ҳолате, ки агар дар давоми муҳлати муайяншуда шахсони қобили меҳнат ба кори музднок машғул нашаванд, чунин оилаҳо минбаъд барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муроҷиат карда наметавонанд, муқаррар шудааст дар тартиботи нав. 

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муваззаф шудаст, махзани ягонаи маълумотро дар бораи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ташкил диҳад. Ҳар семоҳа бо истифодаи махзани ягонаи электронии маълумот рӯйхати аъзои қобили меҳнати оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоатро, ки расман кор намекунанд, ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳод менамояд.

Инчунин барои бо кор таъмин кардани аъзои қобили меҳнати оилаҳои камбизоат, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ пешбинӣ шудаст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед